Ноя 06

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ

6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ” Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ нахуст аз болои муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукуҳро мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ҷо бо иштироки шоира Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Подробнее »

Ноя 06

Табрикот

Ноя 03

Маҷлиси тантанавӣ

IMG 1822Имрўз дар Суди Олӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карда, доир ба мавзуҳои «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва Ваҳдати миллию таъмини волоияти қонун дар ҷомеа», «Конститутсия таъминкунандаи ислоҳот ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар» ва «Нақши Конститутсия дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ» намояндагони мақомоти судӣ маърўзаҳо намуданд. Подробнее »

Ноя 02

Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи Конститутсия

 

2 ноябри соли 2017 дар толори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар  чорабини мазкур кормандони дастгоҳи иштирок намуданд.

Раиси суд Сангинзода Ғайрат аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаро  бо Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.

“Имрўз месазад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо Конститутсия, яъне Бахтномаи миллат ифтихор кунад ва онро бештар мутолиа намояд”, — гуфт раис.

Сипас, котиби маҷлиси суди Сафарзода Иброҳим оид ба таърихи қабули конститутсияҳо дар ҷаҳон, қабули аввалин конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он маъруза кард.

Сардори шўъба Иноятзода Эмомаъди дар мавзўи “Конститутсия-санади тақдирсози миллат” баромад намуда, бобҳои Конститутсияро шарҳ дод.

Подробнее »

Окт 31

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тағйиру иловаҳо моддаи 2 – ро фарогир буда, дар он илова намудани се сархати нав, яъне сархати панҷум бо мазмуни «- Иди Сада – 30 январ;» сархати шасту нуҳум «- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр;» ва сархати ҳафтоду якум «- Рӯзи судҳо – 26 октябр» пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Подробнее »

Окт 28

Тасдиқи нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Нишонаи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.
Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мегардад.
Нишонаи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.
Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мегардад.
Страница 3 из 3123