Ноя 22

МАҲВЕЗИ ПАРЧАМИ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛЯТ

 Баробари ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ — Суруди Миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсия Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд. Подробнее »

Ноя 22

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид. Подробнее »

Ноя 16

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан

Агарчанде соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамини аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ буд, вале ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулоти босуръати солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард. Интиҳои садсолаи гузашта ва ибтидои ҳазорсолаи нав қисмат мардуми сарбаланду куҳанбунёди тоҷикро ба сабақҳои сангини таърихӣ дучор кард. Бо амри таърих баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Подробнее »

Ноя 16

Табрикот

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тамоми кормндони судии ҷумҳуриамонро ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд.

Раҳонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли пора гаштан ва нобудӣ қарор дошт, побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли роҳбарӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то ба имрӯз анҷом медиҳад, барҳақ мақоми шоистаи  сиёсиро дар байни мардум гирифтааст. Подробнее »

Ноя 16

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Роҳбарият ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Сарвари хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо сарбаландӣ истиқбол гирифтанд. Подробнее »

Ноя 15

ЭЪЛОН: озмун барои ишғоли вазифаи коромўз — судя

ЭЪЛОН

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли вазифаи коромўз — судя озмун эълон менамоянд.

Барои ишғоли вазифаи коромўз – судя шахсе метавонад ҳуҷҷат супорад, ки танҳо шаҳрвандииҶумҳурииТоҷикистонродошта, таҳсилотиолии ҳуқуқшиносӣ ва 3 — солсобиқаикориикасбӣ дошта бошад, забони давлатиро хуб донад, синниӯаз 25 камнабошад.

1. Диплом дар бораи таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

3. Тарҷумаи ҳол;

4. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

5. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

6. Нусхаи шиноснома;

7. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);

8. Маълумот дар бораи вазъи молу мулк;

9. Маълумот дар бораи доғи судӣ надоштани худ ва хешовандони наздик;

10. Нусхаи билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи даъватшаванда;

11. Хислатнома аз ҷойи кори охирин;

12. Тавсия оид ба шахсият ва касбият (на кам аз 3 адад);

13. Хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

14. 4 дона расми 3×4 см;

15. Ҷузвдон (скоросшиватель);

16. Лифофа (конверт).

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Неъмат Қарабоев – 1 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 декабри соли 2017 қабул карда мешавад.

Номзадҳо метавонанд оид ба шартҳои озмун дар сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.sudioli.tj  ва сомонаи  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонwww.soi.tj      ё бо телефони 233-89-91 маълумоти иловагӣгиранд.

Комиссияи қабул

Ноя 14

ТУЛӮИ ОФТОБИ БАХТИ ТОҶИКОН. Иҷлосияи XVI дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ мемонад

Дар бораи Иҷлосияи таърихии XVIиҷлосияи воқеан сарнавиштсоз бисёр навиштаанд ва боз хоҳанд навишт, зеро воқеан ин зуҳурот дар таърихи тамаддун ва давлатдории тоҷикон, дар тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузошт ва дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд.

Биёед, руҷӯъе кунем ба он ҳолатҳои хотирмони таърихӣ, ки имрӯз сарнавиштсозашон меномем. Имрӯз ҳар хотира, ҳар амалу рафтор ва гуфтору кирдоре, ки дар он рӯзҳои таърихӣ, дар он Иҷлосияи тақдирсоз ба амал омада буданд, ҳар яке маънои бештар, рамзи бештар, шукӯҳи бештаре пайдо кардаанд ва гумон мекунам, ҳар қадаре мо дуртар аз он рӯзгор шавем, азамату шукӯҳи он мисли кӯҳи бузурге, ки танҳо дар дурӣ бузургияш намоён мешавад, барҷастатар ба чашми мо хоҳад тофт. Дар он парешонӣ, Подробнее »

Ноя 12

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Подробнее »

Ноя 09

Оғози бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.
Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.
Маблағи умумии корҳои сохтмонии Терминали мазкур 7,5 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” бунёд Подробнее »

Ноя 07

Мушкилоти ҷавони ифротгароӣ

Вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бесаводӣ ва камбудиҳои ҷавонӣ ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии «хориҷӣ» низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Воҳидов Муҳаммад  яке аз ҷавоне ба шумор меравад, ки санаи 28-уми майи соли 2016 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш тахминан моҳҳои августи соли 2016 бо ҷалби номҳои «Муҳаммад муовия» ва «Абу -АР Раҳмон», барои иштирок дар ҳайати гуруҳи терористӣ-экстремистӣ ба ном «Давлати Исломӣ», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2015 ташкилоти терористӣ-экстремистӣ «Ифротгароӣ» этироф гардидааст ва фаъолияташ манъ мебошад машғул мебошад дар телефони мобилиаш шабакаи пнтернетии «ЗЕЛО» кушода дар барномаи «Роҳнамо ба сӯи давлати Исломӣ» ҳамчун аъзо пайваст шуда ба худ тахалусси террористи ба номҳои «Муҳаммад-12»-ро гирифта ба аъзоёни точикзабони ин ташкилоти террористӣ ба номҳои «Муҳаммад муовия» ва « Абу АР Раҳмон», аз давраи моҳи августи соли 2016 то санаи 22-юми сентябри соли 2016 суҳбат намуда, оиди даъватҳои онҳо оиди иштирок дар ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба ном «Давлати Исломӣ», розӣ шуда ғояҳои ин гуруҳро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Подробнее »

Страница 2 из 3123