«

Фев 09

Таъиноти кадрӣ

Санаи 9 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам», «дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ”, дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

4 комментария

Перейти полю для комментария

  1. Johnf149

    You have brought up a very excellent details , regards for the post. eegdadedfacb

  2. Johnk580

    Hmm it looks like your site ate my first comment it was extremely daeedbdbegbc

  3. Johnf110

    Excellent post. I was checking continuously this blog and I’m impressed! Extremely useful information specially the last part beebdgaakebk

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы можете использовать эти теги HTML: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>