«

»

Ноя 16

Табрикот

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тамоми кормндони судии ҷумҳуриамонро ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд.

Раҳонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли пора гаштан ва нобудӣ қарор дошт, побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли роҳбарӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то ба имрӯз анҷом медиҳад, барҳақ мақоми шоистаи  сиёсиро дар байни мардум гирифтааст.

Аз ин лиҳоз, Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе,  тамоми сокинони сарбаланди кишварро ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллиамон — 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу сарбаландӣ ва дар ҳама ҷанбаҳои рӯзгор муваффақияту комёбиҳоро таманно менамояд.