«

»

Ноя 16

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан

Агарчанде соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамини аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ буд, вале ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулоти босуръати солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард. Интиҳои садсолаи гузашта ва ибтидои ҳазорсолаи нав қисмат мардуми сарбаланду куҳанбунёди тоҷикро ба сабақҳои сангини таърихӣ дучор кард. Бо амри таърих баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард.

Баъд аз пош хўрдани давлати Шўравӣ бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи ашхос ва нуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷаъмии миллат, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт. Ин иҷлосия дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат барбаст. Дарвоқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст.

Барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихияш ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллат ба ин абармарди миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, ки он аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи

байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омўзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат мардуми тоҷик дар роҳи ба амал баровардани ҳадафҳои стратегии Ҳукумат – дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст. Таъмиру сохтмон ва ба истифода додани роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид муҳайё сохт.

Басо рамзист, ки соли 2017 аз нигоҳи баргузории рўйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ барои мардуми тоҷик соли фаромушнопазир аст. Зеро дар баробари таҷлили ҷашнҳои Наврузи байналмилалӣ, Рўзи ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббусҳои бевосита ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида шуд.

Боиси сарфарозию шодмонист, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни шукўҳманди Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин санаи муқаддас дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид”, 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад. Ҳанўз 23 сол муқаддам, рўзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурўъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу ҳастиву хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш бо камоли эҳтирому сарфарозӣ таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз фархунда гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирўзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту рушди бештарро таманно менамоем.

Судяи суди ноҳияи

И.Сомонии шаҳри Душанбе: Ҳамидзода Муҳаммад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы можете использовать эти теги HTML: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>