↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

САНАДҲОИ СУДӢ

Санадҳои судӣ

  1. Санади судӣ, ки дар шакли санади алоҳида қабул карда шудааст дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва аз тарафи судя-раисикунандаи парванда имзо карда мешавад. Санади судӣ бевосита баъди эълони он — фавран ба маводҳои парванда ҳамроҳ карда шуда, дар ин бора дар протоколи маҷлиси судӣ сабт мегардад.
  2. Санадҳои судӣ дар қоғази формати А4 (210х297 мм), бо фосилаи байнисатрии 1, бо шрифти забони тоҷикӣ — Times New Roman Tj, андозаи 14, бо сарҳадҳои аз тарафи чап 30мм, аз тарафи рост 15 мм, аз боло ва поён 20мм чоп карда мешавад. Санади судӣ метавонад дар як тараф ё дар ҳарду тарафи қоғаз чоп карда шавад.
  3. Санади судӣ, ки аз якчанд саҳифаҳо иборат аст бояд саҳифагузорӣ карда шавад. Дар саҳифаи якуми санади судӣ рақам гузошта нашуда, саҳифаҳои минбаъда рақамгузорӣ карда мешавад. Рақами саҳифа дар мобайни қисми поёнии варақ гузошта мешавад.
  4. Дар таҳия намудани санадҳои судӣ истифода намудани шрифтҳои махсуси ородиҳанда, сиёҳкунии матн, хат кашидани қисми матн, ҷудокунии қисми матн, зиёд ё кам кардани фосилаи байни сатрҳо, дар як варақ чоп намудани ду саҳифа ва дигар тағйиротҳо роҳ дода намешавад.
  5. Шакли электронии санадҳои судӣ ба истиснои санадҳои судие, ки дорои маълумотҳои ҳифзшаванда мебошанд дар сомонаи суд мумкин аст ҷойгир карда шаванд.

116.  Дар қарорҳо бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тибқи онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима таъин карда шудааст ҳамчунин бояд қабулкунандаи маблағ (суратҳисоби бонкӣ) нишон дода шавад.

ИҶРОИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ   Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба зиммаи суде гузошта мешавад, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ намудааст. Ҳукми суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, ба шарте, ки нисбат ба он шикоят ё эътироз оварда нашуда …

Смотреть страницу »