Ба истифода додани Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Рӯзи 21 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадорро бо маркази савдову хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ ифтитоҳ намуд.

Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар он 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши то 2500 сомонӣ таъмин гаштаанд, шинос шуд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-групп” мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа аз соли 2013 оғоз ёфта буд. Лоиҳаи зебои ангоравӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ростогипрошахти Руссия таҳия ва аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмии ҷустуҷӯии лоиҳакашии САНИИОСП ба танзим дароварда шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва савдою хизматрасонӣ, ки корҳои сохтмону васлкуниро дар бар мегирад, 138 миллиону 397 ҳазору 710 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби Идома

Ифтитоҳи бузургтарин Маркази тиҷоратии “Душанбе мол”

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии “Душанбе мол”-ро ифтитоҳ намуд.

Маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз тарафи Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия” бунёд ва бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Арзиши нархномавии иншоот мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ ҳамагӣ 110 миллион сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 100 миллион ва таҷҳизоту асбобҳо 10 миллион сомониро ташкил доданд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2013 шуруъ гардида, дар вақти бунёди иншоот то 400 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бо кор ва маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин шуданд.

Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марказҳои савдои сару либос барои кӯдакону наврасонро тамошо кард, ки аз ширкатҳои кишварҳои хориҷ ворид шудааст.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ташкили Маркази тиҷоратӣ — ин пешниҳоди маводи озуқаворӣ ва кишоварзии босифат, дигар молҳои талаботи ҳаррӯза ва хизматрасониҳои фарҳангиву солимгардонӣ бо нархҳои дастрас ба мардуми Идома

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъин намудани Расулзода Нуриддин Ғафор ва Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин аз вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

 

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон  медиҳам:

1. Аз 1 июли соли 2016:

— ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

Идома

Июн 06

Паёми телевизионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Моҳи шарифи Рамазонро, ки фардо оғоз мегардад, ба кулли мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.

Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад.

Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад.

Дар ин моҳ одамон бо ҳам бештар меҳрубон шуда, бо якдигар самимонаву нармдилона муносибат мекунанд.

Зеро моҳи шарифи Рамазон дар асоси каломи раббонӣ ва ҳадисҳои пайғамбари Худо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо шинохта шудааст.

Парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба шахсони муҳтоҷу камбизоат кумак кардан, аз ҳама гуна амалҳои ношоиста худдорӣ кардан, риояи ахлоқи ҳамида ва умуман, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби ин моҳи шариф мебошад.

Худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои Идома

Июн 01

Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

2c590057b21de7820ab0f7b94c59c66dСуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷинояти  нисбати М Ф бо  моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в.г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барраси намуда муайн кард, ки дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.Чунончӣ, ӯ аввалҳои моҳи январи соли 2016 ҳангоми дар маркази ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, қарор доштанаш бо як шахси номаълум ва дар ҳолатҳои ба тафтишот номуайян, вохурӣ намуда оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор маслиҳати пешакӣ намудааст.Зимни суҳбаташон шахси ба тафтишот номаълум ба ӯ воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш»-ро, ки дар дохили як пакети селофани ҷойгир будааст, дода иброз намудааст, ки онҳоро ба шахсони хоҳишманд бо нархи 1000 (як ҳазор) доллари ИМА барои як килограмм фурушад.Ӯ воситаҳои наъадори навъи «ҳашиш»-ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда бо худ нигоҳ доштааст.Сипас санаи 14 январи соли 2016тахминан соати 11-00 дақиқа ӯ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,кӯчаи Ҷавонӣ дар қабати шоҳроҳи мошингарди Ёвон-Душанбе ба харидорӣ шартӣ, яъне корманди оперативии РМЗГҒММ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табаров Идома

Май 31

Қалоби бо баҳонаи замин

samozahvat-zemliСуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷинояти  нисбати М Р  бо  моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барраси намуда муайн кард, ки ӯ бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, ба миқдори махсусан калон ба бовараии шаҳрванд Шомуродов Ҷамшед Холназарович даромада ба ӯ замини назди хавлигиро, ки дар суроғаи ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рудакӣ ҷойгир мебошад дидаю дониста, ки замини мазкур ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда надорад,ба шаҳрванд Шомуродов Ҷамшед Холанзарович нишон дода ва замин мазкурро аз они худ муаррифӣнамуда ва андозаи онро 12 сотиқ изҳор намуда ва ба Шомуродов Ҷамшед Холанзарович 6 сотиқи замини мазкурро ба маблағи 20000 (бист ҳазор) сомонӣ фурухтава ба ӯ ваъдаҳои бардуруғ дода изҳор намудааст, ки ҳангоми шурӯъ намудани корҳои сохтмонии хонаи истқоматӣ хуҷҷатҳои замини назди хавлигиро ба номашба расмият медарорад, ҳамин тариқ тахминан баъди чор моҳ Шомуродов Ҷамшед Холназарович хостааст сохтмони хонаи истиқоматиро дар қитъаи замини харидори Идома

Май 30

Қалоби корманди бонк

fonon_bank_-185x215Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷинояти  нисбати Р Б  бо  моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барраси намуда муайн кард, ки дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.Чунончӣ, ӯаз санаи 31 майи соли 2007 дар вазифаи мудири хазинаи идораи амалиётии ҶСП «Фононбонк» фаъолият намуда, санаи 28 марти соли 2014, бо мақсади ғайриқонунӣ, боғараз ва ройгон гирифтани молу мулки ғайр, ҳангоми вохурӣ бо ҳамкори худ Гандҷалов Мирзошариф Ҳусейнович, дар бинои бонки зикршуда, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода17, бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба номбурда ваъдаи бардуруғ дода, хоҳиш кардааст, ки барои хешаш аз ноҳияи Шаҳринав барои харидори намудани хӯрокаи парандаҳо, дар давоми як моҳ маблағи пулиро бо асъори хориҷи, яъне доллари ИМА диҳад.Ӯ дар навбати худ ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро бо фоида бозпас мегардонад.Гандҷалов М.Ҳ. ба пешниҳоди Р Б.Б. бовар карда, ба ӯ дар утоқи хазинаи бонк, қисман қисман маблағи Идома

Май 28

Қабули шаҳрвандон

Баҳри таъмини супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар хусуси қабули шаҳрвандон дар рўзҳои шанбе аз тарафи роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бармеояд ва инчунин бобати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» аз ҷониби раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 7 майи соли 2016 (шанбе) 3 нафар шаҳрвандон, ки ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат карданд қабул гардида, арзу муроҷиатҳо шунида, шуда барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарури андешида шуданд.

Май 09

Табрикот

image (6)Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ,аз таҳти дил ҳамаи ҳамватанонро бо 71-умин солгарди Ғалабаи Бузург табрик менамояд! Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст! Дўстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз идҳои бузурги ҳаётамон — иди Ғалаба қабул намоед! Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!

Иди пирўзӣ — Рўзи Ғалаба муборак!

Дорогие друзья! Примите наши поздравления с одним из самых великих праздников в нашей жизни, праздником Победы! Низко склоняем голову перед великим подвигом Ветеранов войны и всегда будем помнить, какой ценой завоевана возможность, жить мирно и строить будущее. Желаем всем мирного неба, крепкого здоровья, счастья и всех земных благ!

С праздником! С Днем Победы!

Апр 28

Интиқолдиҳандагони воситаи нашъадори ҳашиш маҳкум гардиданд

ea130a61c2308c0762ab251d766cd669Озодӣ беҳтарин неъмати зиндагист. Сад афсӯс, ки баъзеҳо ба қадри ин неъмати бузург намерасанд ва ҳатто баъди адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳам ба хулосаи даркорӣ намеоянд ва умри ҷавони худро дар маҳбас зоеъ мегузаронанд. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти раисикунанда Раҷабзода Ҳотам парвандаи ҷинояти  бо айбдории Каримов Кароматулло Саидович, соли таваллудаш 1995, қаблан бо ҳукми суди вилояти Хатлон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 озод гардида буд, бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста ва Заидов Фирдавс Заирович, соли таваллудаш 1982, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардида,

29 августи соли 2011 дар асоси моддаи 5 сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 20 августи соли 2011 аз адои боқимондаи ҷазо озод шудааст, Идома

Апр 27

Ғораткардани шаҳрванди хориҷа

010316_002355009737Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷинояти  нисбати М У бо моддаи 249 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси намуда муайн кард, ки Ноболиғ М У. бо маслиҳати пешакӣ бо Н И, санаи 30 октябри соли 2015, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа, бо мақсади роҳзанӣ ҳангоми дар кўчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе қарор доштанашон, бо маслиҳати пешаки ў дари даромадгоҳи ҳуҷраи мувваққатан истиқоматии Мехмет Юлмаз Ҳусейн, воқеъ суроғаи шаҳри Душанбе кўчаи М.Турсунзода-13/23 ҳуҷраи 5-ро кушода монда, бо тариқи телефони мобилияш ба Нусратзода И. барои амали намудани кирдори ҷинояткоронаашон занг зада хабар мерасонад, ки Н И. вориди хона гардад.

Сипас Н И. бо корди дар даст доштааш вориди хонаи мазкур гашта, ба суи шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Мехмет Юлмаз Ҳусейн ҳамла намуда, номбурдаро бо муштонаш се зарба ба руйяш зада, мушти чаҳорумро ба қисмати қабурғаи тарафи чапаш задааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Мехмет Юлмаз Ҳусейн ба руи фарши ҳуҷра меафтад ва Н И. ҳаракатҳои Идома

Апр 21

Нашъаманд ҷазо гирифт

2c590057b21de7820ab0f7b94c59c66dСуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷинояти  нисбати Т С  бо моддаи 201 қисми 1-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси намуда муайн кард, ки бо мақсади истеъмоли шахсӣ ба муносибат бо маводи нашъадор даст задааст. Санаи 12 феврали соли 2016 соати 17 Т С  аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе дар гумонбарӣ барои муносибат доштанаш бо маводҳои нашъадор бидуни мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дастгир карда мешавад. Ҳангоми кофтукови шахсӣ дар ҳузури шахсони холис аз дасти номбурда як бастаи селофании рангаш зарди скочпеч, ки дар дохили он маводи рангаш ҷигарӣ дар намуди як адад кулӯлаи бӯи махсусдошта ёфта гирифта шудааст. Назар ба гуфтаҳои Т С . маводи нашъадори мазкурро аз «Фируз» ном нафари шахсияташ ба тафтишот номаълум аз шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба маблағи 1500 сомонӣ харидорӣ карда, ғайриқонунӣ онро бо худ нигоҳ дошта барои истеъмол намуданаш аз ноҳияи Восеи вилояти Идома

Copy Protected by Chetan's WP-Copyprotect.